МАРКАЗ

Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 августи соли 2007, таҳти №444  ба фаъолият оғоз намудааст. Фарогирии  хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо таҳсилоти иловагӣ дар равияҳои таълимии табиӣ-риёзӣ ва техникиву гуманитарӣ, инчунин сайқал намудан ва ташаккул додани дониш, маҳорат, малака ва истеъдодҳои хонандагон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин муассиса ба ҳисоб меравад. Муассисаи мазкур  тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфт, дастгирӣ намудан ва инкишоф додани донишу маҳорати кӯдакони болаёқати кишвар фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва тарбияи насли наврасро маҳз дар заминаи тарбияи кӯдакони болаёқат раҳнамоӣ менамояд.

Фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи зеҳнии кӯдакону наврасон, ёрӣ расонидан барои ташаккули   қобилияту истеъдод ва шавқу ҳавасмандии онҳо ба донишандӯзӣ  тавассути машғулиятҳои синфӣ, беруназсинфӣ, корҳои таҷрибавӣ-амалӣ, суҳбату машварат, фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии хонандагон  амалӣ мегардад.

Баҳри таълиму тадриси хонандагони болаёқат дар муассиса 28 омӯзгори пуртаҷрибаву эҷодкори пойтахт ҷалб карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб 2 нафар доктори илм, 5 нафар номзадони илм ва 10 нафар  аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксарият соҳиби тахассуси олии омӯзгорӣ мебошанд, бо роҳбарии нуктасанҷонаи  директори муассиса Асҳобиддини Шералӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар Марказ 16  синфхона бо ғунҷоиши 12  ҷойи нишаст мавҷуд аст,  ки 560 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанберо дар 12  иттиҳодияҳои  таълимӣ, аз қабили фанҳои забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ,  таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, химия, физика, математика, биология ва рӯзноманигорӣ  фаро  гирифта  аст.    Дар ин муассиса ҷиҳати ташаккули ҳамаҷонибаи шогирдон тамоми шароитҳои мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудаанд.Омӯзгорон ва хонандагони болаёқат имконият доранд, ки  аз навгониву дастовардҳои тозатарини илму техникаи ҷаҳони муосир сари вақт огоҳ гарданд ва донишу маҳорати худро мукаммал намоянд.

Фароҳамоварии шароитҳо барои рушди лаёқатмандии хонандагон ва дастгирии кӯдакони қобилиятнок, баланд бардоштани сифати таълими онҳо, густариш додани имкониятҳои рушди  қобилиятҳои инфиродӣ, беҳтар гардондани шароитҳои мувофиқати иҷтимоии хонандагон, ҳамоҳангсозии муносибатҳо дар низоми «омӯзгор – хонандаи лаёқатманд», «хонандаи лаёқатманд – хонандаи синф», «хонандаи лаёқатманд – падару модар» яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар  системаи кор бо лаёқатмандон дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳр” ба ҳисоб меравад.

Марказ  корро бо хонандагон дар тӯли тамоми соли тақвимӣ ташкил менамояд. Дар вақти таътили зимистона таҳсили хонандагон дар Марказ мувофиқи тартиботи муқарраршуда давом мекунад.

Ҳаракати олимпӣ як қисми фаъолияти муҳими омӯзгорони муассиса дар ташаккули қобилият, донишу маҳорати хонандагон  маҳсуб меёбад. Ба гурӯҳи олимпӣ асосан хонандагоне шомил мегарданд, ки таҷрибаи иштирок дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, фосилавиро дороанд. Ин нафарон дар навбати худ ба зергурӯҳи резерви байналмилалӣ ва анъанавӣ тақсим мешаванд. Ба гурӯҳи олимпӣ ҳар рӯз дар ҳаҷми 5 соат машғулият гузаронида мешавад. Мисолу масъалаҳои олимпиадавии давлатҳои иттиҳоди муттаҳид васеъ истифода мешаванд. Ба онҳо малакаи иштирок намудан дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дар раванди рақобати солим худро идора карда тавонистан омӯзонда мешавад.

Натиҷаи фаъолияти Маркази рушди истеъдодҳо ҳамин аст, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, фосилавӣ, байналмилалӣ фаъол гардида, дастовардҳои онҳо бештар шуда истодаанд. Ғолибони Олимпиадаи байналмиллалӣ дар соли 2017 ва аввали соли 2018, аз қабили олимпиада аз фанҳои дақиқ ба номи Омарбек Жолдасбеков, ки дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон  баргузор гардид, шогирдони Марказ Алиева Нилуфар- хонандаи МТМУ №15, Раҳимзода Маҳноза — хонандаи Литсейи иноватсионии Душанбе, Гулсимо Осимӣ, Раҳимзода Чеҳрон — хонандагони Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе,Дилшодзода  Равшан — хонандаи МТМУ №21, Шозедов Анушервон — хонандаи  МТМУ  №77; ғолиби Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика, ки дар Донишгоҳи Амитии ш.Ноидаи  Ҳиндустон шуда гузашт, Абдувоҳидов Рустам — хонандаи синфи 10-и Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ғолиби Озмуни байналмилалии Лоиҳавӣ дар штати Калифорнияи ИМА ва Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ дар Қазоқистон аз  фанни физика,  Раҳимов Анварҷон — хонандаи синфи 10-и Литсейи Президентӣ, ғолиби  Олимпиадаи байналмилалӣ дар риштаи илм ва математика дар Ҷумҳурии Сингапур Бурхвалӣ Қурбонов ифтихори на танҳо Маркази рушди истеъдодҳо, балки маорифчиёни пойтахт ба ҳисоб мераванд.

Боиси тазаккур аст, ки дар соли таҳсили 2016-2017 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар даври чоруми олимпиадаи фаннии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 71 медал гардиданд ва дар байни дастаҳо  сазовори ҷои аввал шуданд.

Ин нишондиҳандаҳо дастоварди муҳими омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, гувоҳи он аст, ки фаъолият дар ин самт бояд боз ҳам густариш ва равнақ дода шавад.Умедворем ғолибони олимпиадаи даври сеюми фаннии хонандагони шаҳри Душанбе дар даври чоруми олимпиадаи фаннӣ сазовори  ҷойи аввал мегарданд.

Ҳангоми таътили тобистона Марказ омӯзишро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ки хонандагони болаёқат ба он ҷо роҳхат гирифтаанд, ташкил  менамояд. Дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои хонандагон барномаи пурмазмуни иттилоотӣ – фароғатӣ  ташкил ва  гузаронида мешавад.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри дастгириву ҳавасмандсозии хонандагону муҳассилини болаёқати шаҳри Душанбе  имконоту шароитҳои беҳтару хубтарро муҳайё карда истодааст. Дар ин самт Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳр” мутобиқ ба Нақша чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баҳри амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» фаъолияти худро ба тарзи системавӣ ба роҳ монда, аз тамоми имконоту шароити муосири таҳсил  ба манфиати насли навраси болаёқат босамар истифода менамояд.